Китоби Хиштхона. Хувайдуллоева Гулшакар

Абдукаюм Мамаджанов
                Њувайдуллоева Гулшакар

                Туї модар, муаллимљон, ту модар,
                Ба чашмони шарардорат бимирам!
                Малоикхў вуљуди нозанинат,
                Ба алфози шакарборат асирам!
               
                Гулрўи Муњаббатзод


Њувайдуллоева Гулшакар 11-уми январи соли 1947 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓази ноњияи Ашт таваллуд шудааст.  Ў то синни 7-солагиаш дар тарбияи модари азизаш Абдуллоева Уѓулхон будааст.

 Соли 1960 мактаби њафтсолаи №13 – зодгоњаш ва соли 1964 мактаби миёнаи №7 ба номи Садриддин Айнии дењаи Бободархонро хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна соли 1964 аз байни љавондухтарони дењаи Хиштхона аввалин шуда њамроњи Ахмадалиева Марњамат, Исоева Тољиниссо ва Мамадова Тозагул ба матаби олї - ба Донишкадаи (институти) давлатии педагогии шањри Ленинобод ба номи С.М.Киров (њоло Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи Академик Бобољон Ѓафуров) ба факултаи математика дохил шудаанд.

Соли 1968 донишкадаи номбурдаро бомуваффаќият хатм намуда, ба вазифаи муаллимаи фанни математикаи мактаби миёнаи ба номи А.П.Чехови шањраки Адрасмон таъин шудааст. Пас аз як сол барои давом додани кор ба њайси муаллимаи мактаби миёнаи №13-и дењаи Хиштхона гузаронида шудааст.

Солњои 1972 – 1976 ба њайси директори мактаби номбурда ва минбаъд дар вазифаи муаллимаи фанни математикаи њамин мактаб то ба нафаќаи мењнатї баромадан кор кардааст.

      Дар давоми фаолияти кориаш борњо ѓолиби мусобиќаи сотсиалистї гаштааст. Ўро соли 1989   ба номи пуршарафи «Аълочии маорифи халќ» сарфароз гардониданд.   Соли 1990  бо  медали «Ветерани мењнат» ќадр гардидааст.

Аз њаёти якљоя бо Муњаббатов Саъдулло соњиби панљ фарзанд шудаанд- Гулрў, Наврўз, Фирўз, Бунавша ва Бобољон.