Китоби Хиштхона. Ашуров Боймат

Абдукаюм Мамаджанов
                Ашуров Боймат

                (1938-20.02.2016)


                Хирад бењтар аз чашму биної аст,
                На биної афзун зи доної аст
               
                Абўшакури Балхї

               
        Ашуров Боймат, соли 1938 дар дењаи Хиштхонаи љамоати Пунѓаз таваллуд шудааст, муаллими калон, риёзидони маъруфи ноњия, маълумоташ олї, собиќадори мењнат, оиладор соњиби 7 нафар фарзанд, бо грамотаву ифтихорномањо ќадрдонї шудааст.


        Ашуров Боймат хеле барваќт аз мењри модар ва баъдтар аз дасти шавќати падараш мањрум гашт.

      Ў маълумоти ибтидоиро дар мактаби ибтидоии назди колхози “Гулистон”-и дењаи Хиштхона гирифта, сипас соли 1954 мактаби њафтсолаи дењаи Бободархонро хатм намудааст.  Маълумоти миёнаро бошад, дар мактаб-интернати шањри Ленинобод (њозира Хуљанд) соли 1957 гирифтааст.

       Соли 1957 ба Донишкадаи давлатии педагогии шањри Ленинобод ба номи С.М.Киров дохил шуда, онро соли 1962 ба итмом расонидааст. Худи њамон сол ў њамчун муаллими фанни риёзї ба мактаби ба номи  Маъдани дењаи Пунѓазз фиристода шуда, баъдан ба хизмати њарбї даъват гардид.   Вай њангоми хизмати њарбї дар шањри Пушкини вилояти Ленинград   омўзишгоњи њарбиро бо ихтисоси лётчик-механик хатм намуд ва хизматро бо унвони  афсари захиравї ба охир расонид. Рутбаи харбии "капитан" дошт.

      Баъди хизмат соли 1964 ў њамчун омўзгори фанни риёзї дар мактаби №7-и дењаи Бободархон ба кор таъин гардида, то соли 1972 дар ин мактаб фаъолият намуд. Баъдан аз соли 1973 то соли 1994 дар мактаби миёнаи №13, ба номи Камоли Хуљандии зодгоњаш аз фанни математика дарс гуфтааст. 

     Ашуров Боймат яке аз бењтарин омўзгори риёзидони ноњия ва љумњурї мебошад. Дар давоми тамоми солњои фаъолияти мењнатиаш ў  роњбарии мањфили “Таљрибаи пешќадами љамоат”-ро ба ўњда дошт. Соли 1980 соњиби унвони “муаллими калон”  шудааст.

     Њоло аксарияти шогирдони устод дар вазифањои гуногун хизмат мекунанд. Яке генералу дигаре доктори фанњо, яке омўзгору дигаре табиб...

     Устод фахр аз он мекунад, ки њаёт ва зањматњояш бењуда сарф нагардидааст.   Вай дар симои шогирдонаш њосили умри    бобаракаташро мебинад ва шукрона мегўяд...

          20 феврали соли 2016 њангоми тањрири матни њамин китоб хабари марги муаллим Ашўров Боймат омад.

                Чї монад аз росткорон дар зиндагонї
                Ба љуз боѓу фарзанди солењ, некномї?