Китоби Хиштхона. Маколаи Азимбой Азизи

Абдукаюм Мамаджанов
                Ифтихори сазовор.

               

               

                «Рушду тараќќиёти мамлакат бевосита ба
                саъю  талоши  насли созандаву эљодкор
                алоќаманд  аст. Бинобар  ин,  агар   ба
                тарбияи   ворисони    соњибмаърифату
                донишманд ва содиќи миллату Ватани
                хеш  имрўз  бо  масъулият  муносибат
                накунем, ифтихору  ѓурури миллии мо
                гирифтори   зоњирпарастї  шуда,  дар
                доираи ному дастовардњои бузургони
                гузаштаамон мањдуд мемонад".

                (Эмомалї Рањмон)


     Ноњияи Ашт њамчун яке аз гўшањои дурдасти Љумњурии Тољикистон, дар даврони соњибистиќлолии кишвар, дар натиљаи татбиќи амалии сиёсати хирадмандона ва самарабахши Њукумати мамлакат, дар кулли соњањои хољагии халќ ба пешравии назаррас ноил гардидааст.
     Дар Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат Эмомалї Рањмон ќайд шудааст, ки таъмин намудани пешрафти соњањои илму маориф њамчун самти афзалиятноки сиёсати иљтимої эътироф гардидааст. Дар мадди  назар аст, ки ба соњаи маориф, дар сатњи сиёсати давлатї ба миён гузоштан ва њалли муаммоњои љойдошта ањамияти бузурги сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва маърифативу фарњангї дорад ва њар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваљљўњи хоса ва бо масъулияти баланд муносибат намоем, чунки инкишофи љомеъа, тараќќиёти устувори иќтисодї, таъмини амнияти милливу давлатї ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати тањсилоти шањрвандон вобаста мебошад.
      Натиљањои рушди соњањои хољагии халќи ноњия дар соли 2015 нишон медињанд, ки бањри истиќболи сазовори љашни 25-умин солгарди Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ва дигар љашнњои давлативу миллї, заминаи боэътимод гузошта шудааст.
       Бањри дар амал љорї намудани дастовардњои даврони Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон дар ноњия барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, бунёди муассисањои таълимї ва синфхонањои иловагї, бењтар намудани заминањои моддї-техникии муассисањои таълимї, савияи дониши омўзгорон,  омўзиши забонњои хориљї чорањои мушаххас андешида шуда истодаанд.
        Оиди мустањкам намудани заминаи моддї-техникии муассисањои таълимї тамоми имкониятњо истифода карда мешаванд. Бо истифодаи манбањои гунонуни маблаѓгузорї соли њисобї сохтмони бинои муассисањои таълимии №53, 8, 42 ба итмом расонида шуда, синфхонањои иловагї дар муасисисањои таълимии №57, 51, 59, 16, толори варзишии муассисањои таълимии №11 ва 52 идома доранд. Аз тарафи муассисањои таълимии №3, 6, 11, 33, 47, 41 ва 44 ба маблаѓи 31,0 њазор сомонї 184 маљмўъ мизу курсї харидорї карда шудааст. Бо дастгирии кумитаи волидон, соњибкорону саховатмандон дар њамаи муассисањои таълимии ноњия таъмири љорї гузаронида шудааст.

     Хурсандиовар аст, ки солњои охир дар ноњия муассисањои таълимии типи нав, ба монанди гимназияю литсейњо ва инчунин муассисањои таълимии хусусї ба фаъолият оѓоз намуданд ва соли њисобї дар онњо  2217 нафар ба тањсил фаро гирифта шудаанд, ки 894 нафари онњо духтарон мебошанд. Соли хониши 2014-2015 муассисањои таълимии ноњияро 2385 нафар љавонон хатм намуда, аз онњо ба муассисањои олї ва коллељњои касбї 1105 нафар  тавассути Маркази милллии тестї дохил шуданд, ки ин нишондињанда дар миќёси вилоят намунавї аст. Айни њол дар муассисањои олї ва касбии вилоят 1998 нафар хатмкунандагон, аз љумла 120 нафар бо Квотаи президентї тањсил намуда истодаанд.
        Боиси ќайд аст, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар ноњия якчанд иншоотњои истењсолї, иљтимої ва фарњангї сохта ба истифода дода шуда истодааст. Аз љумлаи ин иншоотњо, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии № 13 дар дењаи Хиштхонаи љамоати дењоти Понѓоз ба њисоб меравад. Бинои бунёдшуда дорои 18 синфхона буда, барои 540 нафар хонанда омода карда шудааст. Ѓайр аз он дар ин муассиса толори варзишї барои ривољу равнаќи тарбияи љисмонии љавонон сохта ба истифода дода шуд. Дар миќёси ноњия, муассисаи таълимии мазкур дар пешрафти соњаи маориф, таълиму тарбия мавќеи намоёнро дорад. Хатмкардагони ин муассиса имрўзњо дар ташкилоту муассисањо ва соњањои гуногуни љумњурию вилоят пурмањсул мењнат мекунанд. Симоњои намоёни дења, ба монанди вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Холмуњаммадзода Азизмуњаммад  Холмуњаммад, сардори Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон генерал-майори милитсия Орипов Нурулло, номзадњои илмњо Мирзоањмедов Фахриддин, Шерматов Масаид, прокурори ноњияи Љаббор Расулов Имомов Нуриддин Холматович ва якчанд нафари дигар шахсиятњо ки дар маќомотњои њифзи њуќуќ, рўзномаву ташкилотњои тафтишотї, донишгоњњои оливу касбї, муассисањои табобатї ва фарњангї фаъолият доранд, намунаи ибрати њамдиёрони мо мебошанд.
      Бо ифтихори бузург ќайд кардан лозим аст, ки сокинони дења мардуми мењнатдўст, ватанпараст ва ободкору созанда мебошанд. Онњо бо мењнати њалоли худ дар ободонї, пешрафти иќтисодиёти ноњия, истењсоли маьсулотњои кишоварзї дар соњаи пахтакорї, боѓдорї ва чорводорї намунаанд. Муйсафедони барнодили дења дар тарбияи љавонон мавќеи хоса доранд. Ин њама рафтору кирдор, дастовардњо барои ояндаи дењаву  ноњия мояи ифтихор мебошад.
       Боварии комил дорам, ки бунёди бинои замонавии ин муассисаи таълимї, корњои ободониву созандагї, бунёди роњњо минбаъд дар пешрафти рушди соњањои хољагии халќ, баланд бардоштани сатњу сифати таълим ва тарбияи шахсони баруманд дар миќёси љумњуриву вилоят, баьри пешрафту ободии Ватани азиз – Тољикистони соњибистиќлол њиссаи арзандаи худро мегузоранд.




            Раиси ноњияи Ашт                Азимбой Азизї .