Боргохи маърифати Хиштхона. Пешгуфтор

Абдукаюм Мамаджанов
             «Мактаб барои хар як фарди худогоху худшинос ва ватандўсту сохибмаърифат боргохи муќаддаси омўзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, барои такмили чахонбинї, зехну тафаккур, заковату зебоипарастї, малакаву махорат ва одобу ахлоќи хамида заминаи таќдирсоз махсуб меёбад.»
                Эмомалї Рахмон



          БА  ПЕШВО

 
Эй, ки адлу дод бошад хислатат,

Мактабе нав дод моро hимматат,

Оќибатбинист доим хоси ту,

Маъсаратандешї аст ихлоси ту,

Амни кишвар аз ту омад, зинда бош!

Лутфи ту беhад бувад, поянда бош!

Истилоhи мардум, эй сарвар, зи туст!

Равнаќу ободии кишвар зи туст!

Аз ту  хуррам мулки тоjик ин замон,

Хар куjої фахри hар тоjикзабон.

Маъмурии шаhру деhоти Ватан,

Обрўю эътибори халќи ман

Наќши неки сарвар аст, эй номвар!

 ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОЧАШ БА САР




 05.11.2015                Абдуќаюми Мухаммадчон


 
                П Е Ш Г У Ф Т О Р
 
               
        Дар натиjаи сиёсати хирадмандона ва ѓамхориhои Пешвои миллатамон, асосгузори сулhу ваhдати миллї, Президенти Тољикистон, Jаноби Олї мўhтарам Эмомалї Раhмон дар саросари кишвари азизамон, аз jумла дар вилояту ноhия ва jамоати мо низ солhои охир чандин муассисаhои таhсилоти hамагона соhиби биноhо ва асбобу ашёи хониши замонавї гаштаанд, ки ин аз диќќати махсуси сарвари давлатамон ба тарбияи насли наврас гувоhї медиhад.

    Воќеаи хуше, ки аhли деhаи Хиштхонаи jамоати Пунѓази ноhияи Ашт дер боз интизораш буданду сабаби навиштану нашр гардидани китоби «Боргоhи маърифати   Хиштхона» гардид – ин бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Муовини аввали раиси Маjлиси миллии Мajлиси Олии Jумhурии Тоjикистон Раиси вилояти Суѓд мўhтарам Абдураhмон Ќодирї ва маблаѓгузории Маќомоти иjроияи hокимияти давлатии вилояти Суѓд, ки ин низ натиjаи яке аз ѓамхориhои Пешвои миллатамон аст, сохтану ба истифода додани бинои замонавию толори варзишии ба талаботи hозира мувофиќ дар Муассисаи таhсилоти умумии №13, ба номи Камоли Хуjандї мебошад. Дар ин jода саъю кўшиш ва ѓамхории Раиси ноhияи Ашт мўjтрам Азимбой Азизї низ зиёд аст.

        Бояд зикр намуд, ки   вакили Маjлиси намояндагони Маjлиси Олии jумhурии Тоjикистон аз hавзаи якмандатаи интихоботии Ашт №17, раиси  Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маjлиси намояндагони Маjлиси   Олии Jумhурии Тоjикистон, узви Шўрои Маjлиси намояндагони Маjлиси Олии Jумhурии Тоjикистон Холмуhаммадзода Азизмуhаммад Холмуhаммад, ки  хатмкардаи hамин мактаб аст, дар барномаи пешазинтихоботии худ мусоидат намудан ба ин сохтмонро ба ўhда гирифта буд ва ба ваъдаи ба интихобкунандагон додааш вафо намуд.

        Ў hанўз 06 марти соли 2012 дар дархости худ hамчун вакили   Маjлиси намояндагони Маjлиси Олии Jумhурии  Тоjикистон ба Вазири молияи JТ Наjмуддинов Сафаралї Маhсуддинович зарурати сохтмони бинои нави мактаби номбурдаро чунин асоснок намуда буд:


                «Муhтарам Сафаралї Маhсуддинович,

      Биноhои мактаби таhсилоти миёнаи умумии № 13, ба номи Камоли Хуjандї, деhаи Хиштхонаи jамоати Понѓоз, ноhияи Ашт, вилояти Суѓд солhои 60-70-уми асри гузашта асосан тариќи hашар бунёд карда шудаанд.

      Хамзамон, бинобар набудани маблаѓи зарурї синфхонањои мактаби мазкур сариваќт мавриди таъмир, азнавсозї ќарор нагирифтаанд. Айни њол биноњои мактаб дар њолати садамавї ќарор гирифта, махсусан дар фаслњои тирамоњу зимистон ба бехатарии хонандагон хавфи зиёд доранд. Аз ин рў, Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ашт тибќи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабњо  барои солњои 2008-2013» сохтмони бинои нави мактаби зикргардидаро бо 18 синфхона барои 345 нафар хонанда бо толори варзишї тарњрезї намудааст. Вале бинобар набудани имконияти молиявї, аз њисоби маблаѓњои Буљаи мањаллии ноњияи Ашт анљом додани сохтмони бинои нави мактаби номбурда ѓайриимкон мебошад.


     Бо назардошти њолатњои зикргардида ва мурољиатњои пай дар пайи омўзгорон ва хонандагони мактаби номбурда, аз Шумо Сафаралї Мањсудиновичи гиромиќадр эњтиромона хоњиш менамоем, ки маблаѓгузории сохтмони бинои нави мактаби тањсилоти умумии № 13, ноњияи Аштро ба маблаѓи 4085, 65 њазор сомонї дар Буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2013 пешбинї намоед.

           Замима: дар 14 сањифа.

          Бо эњтиром,

          Вакил: 
                А.Х.Имомов»


      Дархости вакилии Холмуњаммадзода Азизмуњаммад Холмуњаммад ба назар гирифта шуд ва инак моњи марти соли љорї (2016) ин иншооти боњашамат  ба истифода дода хоњад шуд.
 
     Дар вохўрие бо коллективи муаллимони ММТУ №13 ў изњори аќида намуд, ки, агар оиди таърихи дењаву мактабњои он китобе навишта шавад, ин воќеаи таърихии њаёти дењаи Хиштхона боз њам хотирмонтар мешуд.

      Аз байни сокинони дења ва хатмкардагони њар ду мактаби он роњбарони вазорату идорањо, вакилони Шўрои Олї, Маљлиси Олї, кормандони њизбї, маљлисњои вилоятї, ноњиявї, мањаллї, њунармандон, шоирону нависандагон, олимон, устодони макотиби олї, дорандагони ордену медалњо, пешќадамони истењсолот ба воя расидаанд, ки ба ќадри имкон ќисме аз ононро дар он китоб ба хонандагон муаррифї намуданро азм намудем.

      Моњи декабри соли 2015 дар маљлиси фаъолони дења, ки барои муайян намудани чорабинињо бахшида ба баистифодадињии ин иншоотњо барпо гардид, аз љумла гурўњи корие барои љамъ овардан ва тайёр намудани маводњои лозимї таъсис дода шуд, то дар муддати кўтоњтарин, яъне то моњи марти соли 2016 навиштану ба нашр омода кардани ин китобро таъмин намоянд. Ба ин гурўњ мутасаддиён аз љумлаи фаъолони дења ва муаллимони мактабњои №13 ва №61 шомил гаштанд. Ба тартиб даровардани маводњову навиштани китоб ба зиммаи Абдуќаюми Муњаммадљон, Имомов Рўзибой, Норматов Ёрмат Усмонович ва Имомов Ниёзмат гузошта шуд.


     Маводњоро барои китоб мувофиќи супоришњои наќша – чорабинињои тартибдодаи  маъмурияти мактабњои №13 ва №61  мутасаддиёни вазифадоршуда ба тангии фурсат нигоњ накарда, то њадди имкон љамъ  оварданд.
 
          Бояд саъю кўшиш ва муносибати софдилонаи омўзгорон Гулхумор Тошматова, Бањриддин Одибоев, Шавкат Мирзоев, Мављуда Ањмадалиева, Фидомат Ашўров, Ќаноат Собирова, Фарњодљон Холматов, Љонибек Имомов ва махсусан директори МТМУ-и №61 Фирўза Тошматоваро дар ин љода ќайд намоем ва миннатдории хешро ба њар яки онон изњор намоем.
   
       Аксарияти мутасаддиёни дигар низ кўшиш ба харљ доданд, ки то ќадри инкон вазифањои дар наздашон гузоштаро пурратару босифаттар иљро намоянд, вале на њама ба он муваффаќ шуданд.

         Аз ин лињоз ва бо назардошти он, ки дар њаљми як китоб  иншо намудани таърихи пурраи дењаву дастовардњои зиёди мардуми шарифи он аз имкон берун аст, аз хонандагони арљманд хоњиш мекунем, ки ба камбудињои дар ин китоб љойдошта некбинона назар кунанд. Умедворем, ки љавонони боѓайрату хушсавод ва хайрандеши дењаи азизамон дар оянда мекўшанд, то  ин камбудињоро бартараф намуда,  дар бораи гузаштаву њозира ва ояндаи дењаамон, мактабњою муассисањои дигари он, ашхоси барўманду некномаш љилд-љилд китобњои нав ба нави дигар менависанду барои ояндагон таърихи диёрамонро равшантар муаррифї менамоянд.

(Давом дорад)