Китоби Хиштхона. Ёдгорихои кампири Ёдгор. На таджи

Абдукаюм Мамаджанов
                ЁДГОРИХОИ  КАМПИРИ  ЁДГОР


                Соли нахсе буд соли чилу як,
                Охи мардум рафт он сол то фалак.
                Кулфат омад бар сари халќу Ватан,
                Ѓарќи хун шуд шахру дехоти Ватан.
                Манзили обод гардид ѓамкада,
                Хун чакид аз дидахои ѓамзада.
                Модарон гардида аз фарзанд чудо,
                Нола мекарданд шабу рўз бар Худо…
               
                Абдуќаюми Мухаммадчон



          Сардии зимистони он соли пур аз дахшату хавотирихо ба дили ин зани бисёр дарду аламдида боз хам пуртаъсиртар буд. «Санг хам ба ин зарбахои берахмонаи хаёт тоб намеовард,- фикр мекард худ ба худ он зан, - магар ба падару модари ман маълум гашта буд,  ки маро чунин хаёт интизор аст? Набошад, чаро  номи маро Ўлмас, яъне Човид гузоштанд?» Зан бо чунин хаёлот он сахар аз хоб барваќт хеста, сари болини писари   сесолааш - Азизмат омаду харчанд хоби нози ўро халалдор кардан нахохад хам, охи чуќури дардноке кашида, ашки сўзони дидагонашро бо нўги рўймолаш пок намуду:

      -Хез , пасаракам! Боз дер намонем, - гўён кўдаки бечораро аз хоби ширин бедор намуд…

      Пас аз муддате модару писар дар истгохи Махаллаи Поёни деха аз дасти хамдигар дошта рост меистоданд. Ханўз чашми рўз накафида бошад хам, барфи ќалини сап-сафедро ситорахои бешумори осмон нурборон карда, атрофро равшанї мебахшиданд. Равшании сарду беранге…

        Риштаи хаёлоти модарро овози баланду чарангосии домуллои деха Мулло Марасул, ки барои намози бомдод хондан ба масчид рафтанї шуда, аз хонааш баромада буд, бурид:

       - Ха, Ўлмасой, дар ин сахари барваќт кўдаки бечораро кучо мебарї?

      Модар овоз бароварда натавонист. Гиря гулўгираш намуда буд.

       Мулло Марасул ба назди модару кўдаки хайрону аз берахмии сармо ларзидаистода омаду гўё аз хабари нохуше пай бурда  бошад, боз хам кунчковї намуд.
      Модар бо машаќќату азобулчуне базўр чанд харфе бо овози ларзон ба забон овард:
      -Дигар илочам намонд, амак. Худатон бохабар, хати сиёхи шавхарам ва писари калониамон – Мадиброхимро оварданд. Фидомат хам дар фронт. Хурсандбибию Юлдошмату Мирзомат ва Парпиќул аз гуруснагї дар ба дари мардум мегарданд. Хайронам онхоро чї хўронаму чї пўшонам. Чони ин бечораякам хам дар азоб. Намурад гуфта, ба Шайдон бурданиям. Ягон худочўе ба фарзандї мегирифтагист. Нашавад, мумкин ба хонаи кўдакони бепарастор супорида тавонам. – Ашки шаш ќатори модари дахшатзада ба замин болои барф чакида, хар ќатрааш ба яхпорахо хамто мешуд…

       Мулло Марасул аз дасти кўдак, ки чанде пеш чанозаи падараш – Гулматов Ашўрматро хонда, азо гирифта буданд,  дошту:

      - Рафтем, як маслихат хаст, - гўён онхоро то назди дари хамдехаашон Исмоил Ќаван овард.

      Садои таќ-таќи дарро шунида, Исмоил Ќаван , ки як марди тануманди пахлавончуссае буд,  аз даруни хавлї:

      - Хозир, рафта истодаам, - гўён омада, дарро кушод ва аз ѓояти хайронї базўр бо хар сеи назди дар истодагон салому алейк намуд.

       - Хайрон нашавед, додар! – гуфт Мулло Марасул ва ба Исмоил Ќаван арзи хол намуд. Сипас каме хомўш истоду охе кашида, суханашро давом дод:
      - Ба хаёлам Шумо ва янгаи Ёдгорам дар орзуи писар будед. Чї мешуд, ки имконияти ба фарзандї ќабул кардани хамин кўдаки бегунохро маслихат мекардетон…

      Ин ваќт аз пушти дар хамсари сохибхона кампири Ёдгор берун баромад ва гуфт, ки аз сўхбати  онон хабардор шудаасту хочат ба маслихат нест. Чаро не? Албатта, онхо розианд, ки ин писарбачаи дўстрўякро фарзанд хонанд. Охир, Анормохи ятимро духтар хонда, калон карда тавонистандку. Бо чунин суханон ў  аз замин Азизматро бардошта, ба оѓўшаш гирифту аз рўхсорахои аз сардии хавои сахарї суп-сурхаш бўсида, шўрии ашки сўзони он бечораро баръало хис намуд…

      Аз хамон рўз барои Азизмати хурдсол  хаёт, ки талхихои онро ў хеле барваќт чашида буд, мачрои нав гирифт. Акнун очаи Ёдгору бобои Исмоил, ки солхои сол муштоќи писар буданд, тамоми мехру мухаббати падару модариро ба ў сарф менамуданд…

      Ин чо бояд ба хонандагон дар бораи ин зану шавхари накўкор, ки хар ду зодаи дехаи Хиштхонаи чамоати Пунѓази нохияи Ашт буданду тамоми умр дар ин чо зистаанд,  чанд сухане гўем. Азизов Исмоил (1896-1974), ки барои дар ќамишзори деха яккаву танхо бо хуки нари вахшии бадхайбате вохўрда, бе хеч яроќе, дасти холї он хукро, яъне «Ќаван» - ро, ки шакли вайроншудаи калимаи русии «Кабан» аст, кушта буд, «Исмоил-Ќаван» лаќаб гирифта буд  ва занаш Азизова Ёдгор (1896-1976) якчанд сол пеш аз саршавии Чанги Бузурги Ватанї аз сабаби фарзанд надоштанашон ятимдухтареро, ки Анормох ном дошт, фарзанд хонда буданд ва чун фарзанди зода тарбия карда, ба воя расонида буданд. Ваќти ба шавхар додани Анормох хам расида буд. Дар орзуи фарзанди дигаре, бехтараш писаре, буданд. Чун донистанд, ки хамсояашон – Хамроќулова Ўлмасой, ки он ваќт аз шавхари дуюмаш – Гулматов Ашўрмат низ бева монда буду аз ўхдаи тарбияи панч ятим баромада натавониста, мехост писари хурдиаш – Ашўров Азизмати сесоларо ба хонаи бачагон супорад, он кўдаки бечораро  писар хонданд. Хамин тавр насаби Азизмат аз он рўз Исмоилов шуд.

       Солхои зиёде паси сар шуданду Азизмат хам ба воя расид. Очаи Ёдгор ба фикри хонадоркунии писараш даромад ва азбаски хамсоядухтарашон Шамсиниссоро кайхо боз таги чашм карда буд, ба назди модари ў холаи Ойниссо Мирзоева (Одилова) даромада, маќсадашро ба хамсояаш изхор кард. Харчанд холаи Ойниссо чавоби муайяне надода, бо шавхараш- амаки Исомат маслихат намуданро пеш оварда бошад хам, аз оханги суханрониаш маълум буд, ки дилаш ба ин кори савоб гарм аст. Охир, Азизмат ба ќавле дар пеши чашмаш ба воя расидаасту тарбияи чунин инсонхои начибро гирифтааст…
 
     Мохи феврали соли 1962, хамон бегохии рўзи тўи арўсию домодии Азизмату Шамсиниссо ваќте, ки базм сар шуд, муаллифи ин сатрхо, ки он ваќт хонандаи синфи сеюм буд, низ ба сифати тамошобин дар он тўй иштирок дошт ва аз он, ки он бегох ўро барои равѓан рехтан ба машъале, ки ба симхои ѓафси байни ду дарахти боѓи бобои Исмоил кашидашуда барои равшанї бахшидан ба он базм овезон буд, мутасаддї намуда буданд, дер гох фахр менамуд.

      Дар хотири иштирокчиёни он маърака чизи дигаре низ наќш баста буд. Одатан барои гузаронидани тўйхои арўсию домодї хаваскорон – Салохиддину Асраќул ва Абдумалики Бўракї ё Абдумалики Бободархониро таклиф менамуданд ва онон зери мусиќии тору доира суруд хондаву раќсхо намуда, тўйро метасфониданд. Аз кадом сабаб бошад, он бегох то дер аз онон дараке нашуд. Аллакай косахои оши чаврї холї шуданду хабаре аз омадан ё наомадани гурўхи хаваскорон намеомад. Мехмонон бетоќатї менамуданд. Оќибат,  Хочибой-амак Шодиев, ки гўё раиси он нишаст буду дар он базм таппоќї (пешхизматї) мекард, ба касе фармуд, ки таѓора ё чалаки холие назди Абдурахим Ќодиров оранд. Оварданд. Абдурахим ба рўи алочаи болои ќамиш густурдашуда нишаста, таѓораро дар мобайни ду пояш нигох дошта, ба дастонаш ду дона чормаѓзро гирифту бо навохтани оханги хамон ваќт хеле машхуре ба сурудхонї сар кард. Хамин тавр дар деха оилаи наве барпо шуд.

    Исмоилов Азизмат (санаи таваллудаш 20 августи соли 1940) бо Исмоилова   (Исоматова) Шамсиниссо (12.06.1944 - 31.12.2015) ќариб 54 сол бо хамдигар ахлу тифоќона умр ба сар бурданд.

    Азизмат Исмоилов дар хотир дорад, чї тавр аз хохархондаш – Анормох, ки ба иштирокчии Чанги Бузурги Ватанї, чўпони пешќадаму номдори колхози «Гулистон», хамдехаашон Ќаландаров Олим ба шавхар баромада буд, соли 1948 чиянчадор шуд. Номи чиянашро Рохатой монданд. Вале ў намефахмид, ки чаро пас аз таваллуд шудани Рохатой дере нагузашта,  падару модараш аз хам чудо гаштанду Анормох шавхари дигар намуд ва тарбияи Рохатойи зиндаятим низ ба дўши очаю бобояш – кампири Ёдгору бобои Исмоил-Ќаван бор шуд?..

       Ана, Рохатой хам дар хонаи бобою очаи мехрубонаш ба воя расид. Чолу кампир орзу менамуданд, ки, Худо хохад, набераашонро хам бо номи нек хонадор намоянд, дигар ормонашон намемонад. Дере нагузашта Рохатой бо Азизмат Азимов ном чавони хушодобу чусту чаќќони хамдехаашон  хонадор шуд. Вале, мутаассифона, шавхараш барваќт аз чахон рафт. Хатто кўдаки навтаваллудаш – Нишонбойро надид. Пас аз муддате Рохатой (1948 – 2005) ба хамдењэхаи дигарашон – Ќодиров Ботурќул ба шавхар баромад…

      Холо  хафт нафар фарзандони Азизмат – Фарходчон, Баротчон, Наврўзчон, Нигора, Шўхратчон, Замира ва Давлатчону дах нафар фарзандони Рохатой – Нишонбой, Хабибулло, Ибодулло, Наимчон, Муслима, Махбуба, Манзура, Маъсумчон, Фарида ва Гулнора ва наберахои сершумори онхо ёдгорихоеанд аз кампири Ёдгору бобои Исмоил.



                Бознашр аз китоби "Боргохи маърифати Хиштхона"